"Дар ҷанги Украина кушта шуд." Дафни Комрон Саидов (Коля Тоҷик) дар Ҳисор

Комрон Саидов. Акс аз навори видеоӣ аз Ютуб

Ҷасад ё пайкари Комрон Саидовро, ки бо лақаби “Коля Тоҷик” машҳур аст ва дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Ҳисор дафн карданд.

Вай 34-сола ва дар Русия зиндонӣ буд.

Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидов аз зиндон ба майдони ҷанг фиристода шуда, аз моҳи январи имсол беному нишон будааст.

“Ҷасадашро чанде пеш дар сардхонаи Ростов ёфтанд. Бори охир моҳи январи соли 2025 бо волидонаш суҳбат дошт. Эҳтимол ҳамон вақт кушта шуда бошад,” – гуфт хешовандаш.

Комрон Саидов шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дошта, ба тиҷорат машғул будааст. Вай бо ситондани пули муҳоҷирон аз корфармоёну миёнравон дар Русия низ шуҳрат дошт.

Ӯро тирамоҳи соли 2023 бо айби “одамрабоӣ” ва “тамаъҷӯӣ” дар Русия боздошту зиндонӣ карданд. Маълум нест, оё худаш айбҳои эълоншударо эътироф карда буд ё на. Баъзе аз ҳамкоронаш мегуфтанд, ӯ қурбонии дасиса шудааст.

Дар ҳафтаҳои охир ин чаҳорумин зодаи Тоҷикистон аст, ки хабари кушта шудан ё овардани ҷасадашон ба кишвар расонаӣ мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

“Иҷоза надоданд, ки ҷасадро бинанд.” Ҳалокати як ҷавони дигари тоҷик дар ҷанги Украина"Баъди 3 моҳ бармегашт". Як маҳбуси тоҷик дар ҷанги зидди Украина бедарак шудааст“Дар Русия зиндонӣ буд.” Дафни боз як тоҷики кушташуда дар ҷанги Украина“Гуфтанд, ҷасад дар сардхона аст.” Марги боз як зодаи Тоҷикистон дар Украина

Тарҳи "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи имсол номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд. Ҳамин тарҳ моҳи сентябр рӯйхати боз 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги кишварҳои дигар ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай дорад. Мақомоти Тоҷикистон дар тақрибан чор соли охир барои иштирок дар ҷанги Русия зидди Украина нисбат ба ҳеч кас парванда боз накардаанд.