Гуфтугӯҳо миёни Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва ҳайати музокиракунандаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 15-уми декабр дар Берлин, пойтахти Олмон идома меёбад.
Ба гузориши маркази хабари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ду тараф рӯзи 14-уми декабр ҳудуди панҷ соат гуфтугӯ карданд, аммо ба натиҷаи рӯшане даст наёфтанд.
Дар ин гуфтугӯ, Стив Виткофф, намояндаи вижаи президент Доналд Трамп барои Ховари Миёна ва шуморе дигар аз мақомҳои амрикоӣ ба намояндагӣ аз ИМА ҳузур доранд.
Ин гуфтугӯҳо сари тарҳи сулҳи 28-бандӣ баҳс мекунад, ки аз сӯи Амрико пешниҳод шуда буд. Тарҳе ки Украина баъдан онро ба 20 модда коҳиш дод.
Зеленский пеш аз мулоқоти панҷсоата ба хабарнигорон гуфт, Киев эҳтимол дар баробари дарёфти замонатҳои амниятӣ аз хости худ барои узвият дар НАТО даст бикашад.
Ҳолати минтақаи Донбасс ва назорат бар нерӯгоҳи ҳастаии Запорожйе, ду нуқтаи калидии мавриди ихтилоф дар музокирот бо Вашингтон барои расидан ба созиш ҷиҳати поён додан ба ҷанг бо Русия аст.