Зимистони имсола метавонад барои Тоҷикистон яке аз душвортаринҳо бошад. Сатҳи поини об дар обанбори “Норак” сабаб гаштааст, ки мардум дар шабонарӯз чанд соати башумор барқ гиранд.
Шабнам Одиназода, сокини Панҷакент, мегӯяд, бародари 25-солааш Лоиқ моҳи декабри соли 2023 аз тарафи Русия ба ҷанги зидди Украина бурда шуда, аз он замон то ҳоло беному нишон аст. "На мурда буданашро мегӯянд, на зинда буданашро," -- шикоят кард ӯ.
Ҳар сол дар охири моҳи ноябр дар Душанбе аз Карин Манн, зани фаронсавӣ ва қурбонии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ёд мекунанд. Ӯ дар он солҳои ноамнӣ барои кумак ба занону кӯдакони тоҷик омада буд, вале худ мавриди ҳадафи шахсони силоҳбадаст қарор гирифт.
Гурӯҳе аз муҳоҷироне, ки дар сохтмон кор мекарданд, ҳангоми рейди нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Ленингради Русия талоши фирор кардаанд. Дар ин бора пулиси Русия рӯзи 12-уми декабр бо нашри наворе хабар додааст.
Ширкати ТГЕМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ навиштааст, ба як коргари собиқаш, ки дар сохтмони неругоҳи “Роғун” осеб гирифт, даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохтааст.
Бо вуҷуди марги оилаҳо аз дуди ангишт, мардум дар Тоҷикистон аз бухориҳои қадима даст накашидаанд, чун илоҷ надоранд.
Дар маҳаллаҳои мавсум ба Гардиши Ленинград ва Гардиши Фабрикаи ноҳияи Рӯдакӣ барқ нест, аммо борбардорҳои ширкатҳои сохтмонӣ ва бархе коргоҳҳои хурду миёна кор мекунанд.
Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ба аъзои ин эътилофи ҳарбӣ ҳушдор дод, ки таҳдиди Маскавро ҷиддӣ гиранд, зеро ин кишварҳо метавонанд "ҳадафи навбатии Русия" бошанд.
Ёфтҳои бештар