Ҳар сол дар охири моҳи ноябр дар Душанбе аз Карин Манн, зани фаронсавӣ ва қурбонии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ёд мекунанд. Ӯ дар он солҳои ноамнӣ барои кумак ба занону кӯдакони тоҷик омада буд, вале худ мавриди ҳадафи шахсони силоҳбадаст қарор гирифт.
Ширкати ТГЕМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ навиштааст, ба як коргари собиқаш, ки дар сохтмони неругоҳи “Роғун” осеб гирифт, даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохтааст.
Бо вуҷуди марги оилаҳо аз дуди ангишт, мардум дар Тоҷикистон аз бухориҳои қадима даст накашидаанд, чун илоҷ надоранд.
Дар маҳаллаҳои мавсум ба Гардиши Ленинград ва Гардиши Фабрикаи ноҳияи Рӯдакӣ барқ нест, аммо борбардорҳои ширкатҳои сохтмонӣ ва бархе коргоҳҳои хурду миёна кор мекунанд.
Тоҷикистон бозсозии роҳи Хистеварз-Соҳилоб (Арқа)-ро дар сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон сар кардааст. Ин роҳ зиёда аз панҷ сол вайрон ва бо сабаби ҷанҷолҳои марзии ду тараф таъмираш имконнопазир буд. Ҳоло, пас аз маълум шудани хати марз, Тоҷикистон корро сар кардааст.
Дилафрӯзи Хуршед, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, панҷ моҳ пеш, дар 34-солагӣ, тифли аввалинашро ба дунё овард, аммо аз кори пизишкон норозист. Вай иддао дорад, ки “бо хатои духтурон” дигар фарзанддор намешавад, чун бачадонаш гирифта шуд ва саломатияш ҳам аз даст рафт.
Сокинони ду бинои нави истиқоматӣ дар маркази Хуҷанд мегӯянд, се сол боз на ҳуҷҷати хонаҳоро гирифта метавонанд ва на шароити муносиби зист доранд. Масъулони ширкати бинокор қазияро шарҳ надоданд.
Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон гуфтааст, дар соли 2025 дар ҷаҳон даҳҳо рӯзноманигор кушта ва садҳо тани дигар дастгиру паси панҷара андохта шуданд. Тоҷикистон ҳам истисно нест.
Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар Русия зиндонӣ буд, дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст. Ҷасад ё пайкари Алӣ Забурзодаи 39-соларо рӯзи 7-уми декабри имсол аз Русия ба Душанбе оварда, дар зодгоҳаш, деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ, дафн карданд.
Ёфтҳои бештар