Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи “Шоми бокс” (таҳти унвони IBA Pro 13), ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, бар намояндаи Бритониё Макси Ҳюз пирӯз шуд.
Усмонови 27-сола, ки дар ҳамаи 12 рақобати худ дар бокси ҳирфаӣ дастболо шуда, шикастнопазир мебошад, дар рақобати довталабони унвони қаҳрамони WBA ғолиб омад. Рақибаш Макси Ҳюз аз 34 рақобат дар 24-тоаш ғалаба кардааст.
Ин рақобат барои ҳарду муштзан аҳамияти хос дошт, зеро ғолиб шонси мубориза бурдан барои унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар вазни сабук ба даст меовард.
Набард хеле пуршиддат ва бо суръати баланд сурат гирифт. Макси Ҳюз, ки муштзани пуртаҷриба аст, кӯшиш мекард бо фишороварӣ ва зарбаҳои пайиҳам бартарӣ дошта бошад. Аммо Усмонов бо дифои устувор ва зарбаҳои дақиқ тавонист ҷараёни муборизаро зери назорати худ бигирад.
Омодагии хуби ҷисмонӣ, устувории равонӣ ва сатҳи баланди касбӣ ба муштзани тоҷик имкон дод, ки муваффақ шавад. Бо тасмими доварон Баҳодур Усмонов ғолиб эълон шуд. Ин дувоздаҳумин пирӯзии ӯ дар бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад.
Дар мусобиқаи IBA Pro 13, ки яке аз чорабиниҳои сатҳи баланди бокси касбӣ ба ҳисоб мерафт, муштзанҳои пуртаҷриба аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок карданд.
Бо ин дастовард Баҳодур Усмонов расман ба зумраи муддаиёни аслӣ барои унвони қаҳрамони WBA дар вазни сабук ворид шуд. Ҳамакнун барояш имкони рақобати мустақим барои дарёфти камарбанди қаҳрамонӣ фароҳам гардид.
Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов дар набарди асосии “Шоми бокс” («Winline. IBA.PRO 8»), ки 22-юми июли имсол дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир гардид, бар намояндаи Камерун Кристофер Муафо аз рӯи қарори доварон пирӯзӣ ба даст овард.
Қаҳрамони Осиё дар соли 2019 ва соҳиби медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2023 Баҳодур Усмонов муқобили рақибаш унвони қаҳрамони IBA.PRO Intercontinental дар вазни сабукро дифоъ кард. Инчунин дар ин набард, ки аз 10 раунд иборат буд, муштзани тоҷик соҳиби камарбанди WBO Intercontinental гардид.
Аз ин пеш Усмонов моҳи майи соли равон дар Душанбе Алберт Пагараи филиппиниро барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ ё фаннӣ шикаст дода, унвонҳои IBA.PRO Intercontinental ва WBA Gold-ро дар вазни сабук соҳиб шуда буд.