Ҳар сол дар охири моҳи ноябр дар Душанбе аз Карин Манн, зани фаронсавӣ ва қурбонии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ёд мекунанд. Ӯ дар он солҳои ноамнӣ барои кумак ба занону кӯдакони тоҷик омада буд, вале худ мавриди ҳадафи шахсони силоҳбадаст қарор гирифт.
"Меомад, роҳкиро медод"
Ҷаннатбӣ Саидмуродова беш аз 30 сол боз дар кӯчаи ба номи Карин Манн дар пойтахти Тоҷикистон роҳрӯбӣ мекунад. Мегӯяд, аз ӯ хотираҳои нек дорад.
“Он вақтҳо роҳрӯб будем. Ҳамин зан хубиҳои бисёр мекард. Меомад, моро медид, роҳкиро медод. Зани нағз буд. Як вақт, соли 1997 дугонаҳоямон мепурсиданд, ки ӯ куҷо шуда бошад. Дертар фаҳмидем, ки занро парондаанд.”
Ҳар сол мақомот ва намояндагони сафорати Фаронса ҷамъ омада, бар пояи лавҳаи ёдгории ба номи Карин Манн гул мегузоранд ва ӯву корномаашро ба ёд меоранд.
Элза Пинёл, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, гуфт, “марги фоҷеавии Карин Манн аз хотираи дардовартаринест, ки Тоҷикистону Фаронса ҳамроҳ пушти сар мекунанд. Ӯ барои ҳамеша рамзи он арзишҳое мемонад, ки ду кишварро муттаҳид мекунад. Яъне, пойбандии мо ба арзишҳои инсонӣ ва муборизаи қотеи мо алайҳи тероризму экстремизм ва хушунат дар ҳама шаклҳои он."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Карин Манн. Ёде аз қурбонии ҷанги дохилии Тоҷикистон
"Барои кумак омада буд, ба қатл расид"
Карин Манн, намояндаи созмони “Табибони бидуни марз”, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои кумак ва дастгирии занону кӯдакони ятиму бепарастор ба Тоҷикистон омад. Дар охири моҳи ноябри соли 1997 аз сӯйи гурӯҳи Ризвон Содиров, фармондеҳи нерӯҳои мухолифи давлат гаравгон гирифта шуд ва ба қатл расид.
Ризвон Содиров, фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон фирор кард, вале пас аз як гуфтугӯ бо ҷониби ҳукумат дубора ба Тоҷикистон баргашт. Соли 1997 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Маркази бачагонаи ба номи Карин Манн ба садҳо кӯдаки ниёзманд сарпаноҳ додаву ёрӣ кардааст. Беҳрӯз Пӯлодов, корманди маркази фарҳангии "Бохтар", мегӯяд, “наврасону ҷавононе, ки дар ин лоиҳа таълим гирифтаанд, тавонистанд, тарзи зиндагии худро дигар кунанд."
"Наврасоне буданд, ки дар кӯчаҳо ба бекорӣ ва беҳудагардӣ машғул буданд. Ҳамин ташкилоти иҷтимоӣ онҳоро сарҷамъ мекард, дар доираи ин лоиҳа ба онҳо дарс мегуфтем ва бисёре аз онҳо айни ҳол кор карда истодаанд,” -- афзуд ӯ.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ба хотири гиромидошти Карин Манн дар Душанбе яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номаш гузошта шудааст. Дар саршавии ин кӯча лавҳае бо маълумоти кӯтоҳ дар бораи рӯзи марги ӯ гузоштаанд. Ҷое, ки офтоби зиндагияш ғуруб кард.