Дар чанд ҷумла
Даъвати Толибон аз Тоҷикистон барои бунёди масҷиду мадраса дар Афғонистон
Толибон аз Тоҷикистон даъват кардаанд, ки мисли Узбекистон дар бунёди мадориси динӣ ва масҷидҳо дар Афғонистон саҳм бигирад. Посухи ҷониби Тоҷикистон ба ин пешниҳоди Толибон маълум нест. Ҳукумати Узбекистон дар моҳи августи соли гузашта санги бинои як мадрасаи диниро дар шаҳри Мазори Шариф бо маблағи 6 миллион доллар барои ҳазор толибилм гузошта буд.
Юсуф Вафо, волии вилояти Балхи Афғонистон, ки рӯзи 23 октябр ба Тоҷикистон сафар кард, дар чорчуби мулоқотҳояш бо мақомоти тоҷик, бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, низ дидор кардааст. Ӯ аршадтарин мақомдори Толибон аст, ки дар чаҳор соли ҳокимияти ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Балх, ин мақомдори Толибон хостори рафтуомади рӯҳониёни Тоҷикистон ба Афғонистон шудааст. "Мо ҳар ду кишвари исломӣ ҳастем",-гуфтааст ӯ дар мулоқот бо уламои динии Тоҷикистон.
Волии Балх дар ин мулоқот аз раҳбарашон Ҳайбатуллоҳ Охунзода "фақеҳи хуб ва воизи хуби аср" ёд карда, ба Саидмукаррам Абдулқодирзода нусхае аз Қонуни амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, суханрониҳо ва дастурҳои раҳбари Толибонро ҳадя додааст.
Дафтари волии Балх аксҳои нусхаҳоеро, ки ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳадя шудаанд, дар шабакаи Х нашр кард ва навишт, ҳадаф ин аст, ки "ҳадаф ва мафкураи моро дарк кунанд".
Ин хабарнома менависад, ки дар ин мулоқот шуморе аз рӯҳониёни барҷастаи тоҷик низ ҳузур доштанд.
Ҳарчанд мақомоти тоҷик ва расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи ин сафар то кунун хабаре нашр накардаанд, аммо телевизионҳои Афғонистон порчаҳоеро аз боздиди Юсуф Вафо ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз Масҷиди калони Душанбе (маъруф ба Масҷиди Қатар) нишон доданд, ки Саидмукаррам Абдулқодирзода ва дигар рӯҳониёни тоҷик ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.
Юсуф Вафо бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳам мулоқот кардааст. Ҷониби Толибон мегӯяд, ки ин сафар бо даъвати Душанбе ва ба ҳадафи иштирок дар нишаст бо Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, сурат гирифтааст.
Толибон як созмони тундрави динӣ аст ва дар Тоҷикистон як гурӯҳи мамнуъ ва террористӣ дониста мешавад. Ин гурӯҳ дар солҳои 1996-2001 қудратро дар Афғонистон дар ихтиёр дошт ва дар пайи ҳамлаи эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико, сарнагун шуд.
Толибон дар пайи вожгунии ҳукуматашон ба минтақаҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд ва аз онҷо ҳамлаҳои худро алайҳи низомиёни хориҷӣ ва афғон роҳандозӣ карданд.
Дар тӯли ҷанги бистсола бар асари ҳамлаҳои онҳо ҳазорон нафар аз нерӯҳои хориҷӣ, афғон ва ғайринизомиён кушта шуданд. Амрико ва Толибон рӯзи 29-уми феврали соли 2020 дар Давҳа, пойтахти Қатар, созишнома дар бораи поён додан ба ҷанги 19-сола дар Афғонистонро имзо карданд. Бо фирори президент Ашраф Ғанӣ дар 15 сентябри соли 2021, ин гурӯҳ дигарбора вориди Кобул шуд ва ҳукуматро ба даст гирифт.
Аз он замон то кунун, ҳеч кишваре ҷуз Русия ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз оғоз равобити гуногуне бо Толибон доштанд ва ҳатто ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун карданд, ҳоло бо Толибон робитаҳои хуб барқарор кардаанд.
Тоҷикистон дар ибтидо дар маҳофили сиёсӣ ва таблиғоти расонаӣ мавзеъгирии қотеъ алайҳи Толибон мекард ва ягона кишваре аз ҳамсояҳои Афғонистон дониста мешуд, ки ба мухолифини Толибон, пойгоҳ додааст.
Бо гузашти замон, нишонаҳое аз тағйир дар сиёсатҳои Тоҷикистон дар баробари ҳукумати Толибон ба вуҷуд омад. Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии худро бо Афғонистон ҳифз кард ва ҳоло ба ин ҳамсоякишвари худ барқ содир мекунад ва бозорҳои наздимарзиро фаъол нигоҳ медорад.
Толибон барои нақзи озодии баён ва расонаҳо, манъи занон аз кору таҳсил интиқод мешаванд. Созмонҳои байналмилалӣ ва мухолифони Толибон ин гурӯҳро ба ташкили ҳукумати яккақавмӣ ва ҷой додани гурӯҳҳои тундрав, муттаҳам мекунанд.
Аммо Толибон мегӯянд, ки ба ҳеч кас ваё гурӯҳе иҷозат намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон алайҳи ягон кишвар иқдоме сурат бигирад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
12 кушта дар ҳамла ба маросими мазҳабии яҳудиён дар Австралия
Дар тирпаронӣ дар соҳили Бонди (Сидней, Австралия) дастикам дувоздаҳ кас кушта шуда, 29 нафар дар бемористон ҳастанд.
Хабаргузории "Рейтерс" бо такя ба пулис аз боздошти ду нафар хабар дод.
Расонаҳои Австралия гуфтанд, яке аз ҳамлагарон кушта шудааст.
Тирпаронӣ ҳангоми таҷлил аз Ҳанока, ҷашни мазҳабии яҳудиён рух дод.
Энтони Албанез, нахуствазири Австралия, ҳодисаро "даҳшатбор" ва "дардовар" хонд.
Мақомоти Исроил низ ҳодисаро маҳкум карданд.
Мақомоти Туркманистон озодии Мансур Мингеловро рад карданд
Идораи зиндонҳои Туркманистон бо далели "набудани заминаи қонунӣ" розӣ нашудааст, ки Мансур Мингелов шартӣ ва пеш аз муҳлат аз маҳбас раҳо карда шавад.
Ин ҳомии зиндонии ҳуқуқи башар сахт бемор аст. Дар ин бора вебсайти turkmen.news хабар дод.
Як кумисюн аз Вазорати тандурустии Туркманистон соли 2024 дарди буғуми зонуи Мингеловро тасдиқ карда, ҳамзамон гуфта буд, ки муолиҷаи ин беморӣ дар дохили кишвар ғайриимкон аст.
Бо вуҷуди ин, тибқи номаи Идораи зиндонҳо, мансабдорон "ҳамаи далелҳоро баррасӣ карда", ба хулосае омадаанд, ки "онҳо ба талаботи қонунгузории Туркманистон мутобиқ нестанд".
Наздикони Мингелов моҳи сентябри имсол бо ишора ба қонунҳои Туркманистон аз Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии ин кишвар озодии ӯро хоста буданд. Ин ду банди қонун, ба гуфтаи онҳо, раҳоии зиндониёнро дар вақти бемории вазнин иҷоза медиҳанд.
Мансур Мингелов 50-сола аст. Додгоҳи Туркманистон ин ҳомии ҳуқуқи башарро соли 2012 бо гуноҳи қочоқ ва паҳн кардани маводи порнографӣ ба 22 сол зиндон маҳкум кард.
Созмонҳои ҳуқуқи башар парвандаи ӯро комилан сохта медонанд.
53 ҳазор кас аз Тоҷикистон барои табобат ба Узбекистон рафтаанд
Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки дар даҳ моҳ, аз январ то октябри имсол, беш аз 75 ҳазор хориҷӣ барои гирифтани табобат ё хадамоти пизишкӣ ба ин кишвар рафтаанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон, аксари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, аз ҷумла 53 ҳазор нафарашон аз Тоҷикистон.
Аз Қирғизистон зиёда аз 13 ҳазор, аз Қазоқистон тақрибан 7 ҳазор, аз Русия беш аз 1 ҳазору 700 ва аз Афғонистон зиёда аз 500 кас аз хадамоти пизишкии Узбекистон истифода кардаанд.
Теъдоди шаҳрвандони кишварҳои дигар андак будааст. Барои мисол, аз Туркия 43, аз Иёлоти Муттаҳида 15 ва аз Чин 14 нафар.
Баъди боз шудани марз бо Узбекистон дар соли 2018, шаҳрвандони Тоҷикистон бештар бо ҳадафи табобату сайёҳӣ ва парвоз ба Русияву кишварҳои дигар ба Узбекистон мераванд.
Барои муқоиса, дар ҳашт моҳи аввали соли гузашта тақрибан 60 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои гирифтани ёрии пизишкӣ ба Узбекистон рафта буданд.
Беларус даҳҳо зиндониро озод кард. Белятский: "Мубориза идома дорад"
Пас аз он ки Вашингтон дар бораи имкони бекор кардани таҳримҳо алайҳи содироти нуриҳои минералии Беларус сухан гуфт, Минск рӯзи 13-уми декабр даҳҳо зиндониро озод кард.
Ба гуфтаи намояндагони Амрико, расонаҳои Беларус, созмонҳои ҳуқуқи башар ва мақомоти Украина, раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар умум 123 зиндонӣ, аз ҷумла баъзе аз намояндагони мухолифинро "бахшидааст".
Дар байни онҳое, ки аз зиндон раҳо шуданд, яке аз раҳбарони эътирозҳои соли 2020 Мария Калесникова ва барандаи ҷоизаи Нобел Алес Белятский низ ҳастанд.
Денис Кучинский, намояндаи раҳбари мухолифини Беларус Светлана Тихановская, гуфт, ҳамаи маҳбусони сиёсии раҳошуда “саломат ҳастанд” ва Беларусро тарк карданд. Мақомоти Украина гуфтанд, ки 114 зиндонии раҳошуда аз Беларус ба Украина расиданд. Нӯҳ нафари дигар ба Литва рафтаанд.
Мария Калесникова баъд ворид шуданаш ба хоки Украина хоҳони раҳоии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Беларус шуд. Алес Белятский дар Литва ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигар гуфт, "муборизаи мо идома дорад".
Ҷон Коул, фиристодаи вижаи президенти Амрико Доналд Трамп дар умури Беларус, дар шабакаи “X” аз ин иқдом ситоиш кард ва онро як гоми муҳим дар муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Беларус номид.
Коул инчунин ба хабаргузории "Рейтерс" гуфт, эҳтимол Беларус дар моҳҳои оянда маҳбусони бештарро раҳо кунад, вале тафсилот надод.
Беларус дар моҳи феврали соли 2022 барои ҳамкорӣ бо Русия дар ҳамла ба Украина бо таҳримҳои шадиди Ғарб рӯ ба рӯ шуд. Ҳукумати ин кишвар дар моҳҳои охир дар чанд марҳила даҳҳо зиндониро озод кард, аммо садҳо нафаре, ки маҳбусони сиёсӣ дониста мешаванд, то ҳол дар зиндонҳои Беларус ҳастанд.
Боздошти Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар Эрон
Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Машҳади Эрон боздошт шудааст.
Бунёди Наргис Муҳаммадӣ хабар дод, мақомоти Эрон ин фаъолияти ҳуқуқи башарро дар маросими ёдбуди Хусрав Аликурдӣ, вакил ва фаъоли ҳуқуқи башар дастгир карданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти қудратии Эрон дар вақти боздошти Наргис Муҳаммадӣ ва чанд фаъоли дигари ҳуқуқи башар аз хушунат истифода бурданд.
Саҳифаи Наргис Муҳаммадӣ дар шабакаи X (Твиттер) баъд аз зуҳри 12 декабр навишт, ин фаъоли ҳуқуқи башар "бо хушунат тавассути маъмурони амниятӣ ва интизомӣ боздошт шуд".
Шавҳари Наргис Муҳаммадӣ низ, ки муқими Фаронса аст боздошти ӯро тасдиқ кард.
Кумитаи нобели Норвеж, ки барандаи Ҷоизаи Нобелро эълом мекунад, бо пахши баёнияи кутоҳ аз мақомоти Эрон хост, ки Наргис Муҳаммадиро бе қайду шарт озод кунанд.
Наргис Муҳаммадӣ соли 2023 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуд. Ин фаъоли ҳуқуқи башар солҳо дар зиндон буд ва моҳи декабри соли 2024 барои муолиҷа аз маҳбас раҳо шуд.
Мутарҷими навраси украинӣ дар Порлумони Аврупо гирист
Мутарҷими Порлумони Аврупо дар вақти тарҷумаи суханҳои Романи 11-сола, як наврас аз Украина гирист.
Роман дар ҳамлаи мушакии Русия ба шаҳри Виннитсаи Украина дар рӯзи 14 июли соли 2022 зинда монд, аммо модараш дар натиҷаи он ҳамла кушта шуд.
Роман 36 ҷарроҳӣ гирифт ва ба далели ҷароҳатҳову сӯхтагии зиёд давраи тавонбахшии тӯлониро пушти сар кард. Сарфи назар аз ин, вай ба таҳсил, рақс ва мусиқӣ боз гашта, инчунин мукофотеро аз президенти Украина дарёфт кардааст.
Рӯзи 10-уми декабр Роман ба намоиши филм ба шаҳри Брюссел рафт ва онҷо саргузашти худро ба вакилони Порлумони Аврупо нақл кард ва онҳоро даъват кард, ки “ҳаргиз таслим нашаванд”, зеро ба гуфтаи вай, “замоне, ки мо якҷоем, мо нерумандем”.
Дар ин рӯз ҳамчунин барои вакилони Аврупо филмҳои мустанад дар бораи кӯдакони украинӣ намоиш дода шуд.
Навор аз саҳифаи инстаграми Радиои Озодӣ:
Микрофони Путинро як дақиқа рӯшан накарданд
Рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон Форуми байналмилалӣ бахшида ба сивумин солгарди бетарафӣ ё худ нейтралитети Туркманистон доир шуд.
Телевизиони русии "ДОЖД" дар шабакаи Фейсбук навори суханронии Владимир Путинро нашр кардааст, ки дар он раҳбари Русия наздик ба як дақиқа бо микрофони хомӯш суҳбат мекунад.
Албатта баъдан микрофон фаъол шудаву суханронӣ идома кардааст.
Дар нишасти Ишқобод ҳамчунин раҳбарони Эрон, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониаш ба тахдиду чолишҳои ҷаҳони муосир ишора карда гуфт, ин мушкилот рушди иқтисодро ба ақиб мезананд.
Туркманистон як кишвари худкома ва баста аст, ки давоми 20 соли ахир аз сӯи падар ва писар Бердимуҳаммадовҳо роҳбарӣ мешавад.
Ҳалокати ду нафар дар таркиши мина дар Тоҷикистон
Соли 2025 дар пайи таркиши минаҳо дар Тоҷикистон 2 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки якеаш навраси 10-сола мебошад. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Умед Мансуров, намояндаи ҳуқуқии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, наврасе, ки дар таркиши мина ба ҳалокат расид, сокини минтақаи Саридашти ноҳияи Дарвоз буд.
Нафари дуюме, ки дар таркиши мина ҷон бохтааст "як масъули поксозии минаҳо ё сапёр" будааст.
Тибқи омори намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, давоми 33 соли ахир 351 нафар дар Тоҷикистон аз таркиши мина ба ҳалокат расида, 541 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд
Баъзе майдонҳои минакоришуда аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 боқӣ мондааст.
Қарори нави Иттиҳоди Аврупо дар бораи дороиҳои Русия
Иттиҳоди Аврупо дороиҳои Русияро дар ҳудуди ин созмон ба муддати номаҳдуд ҳабс мекунад. Дар ин бора хабаргузории Ассошиэйтед Пресс хабар додааст.
Ба гузориши манбаъ, ин тасмим бо истифода аз тартиби махсусе гирифта шудааст, ки барои ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ гардидааст.
Ба ин тартиб, дороиҳои Русия то замони поёни ҷанги Маскав алайҳи Украина ва пардохти ҷуброн ба Киев, дар банд мемонанд.
Танҳо баъди поёни ҷанг ва розигии Русия барои пардохти ҷуброн ба Украина, Маскав метавонад аз дороиҳои худ дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо истифода барад.
Қарори ахири Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки аз дороиҳои Русия барои кумак ба Украина истифода шаванд.
Дороиҳои Русия дар Аврупо 210 миллиард евро ҳисоб шудааст. Бештари ин маблағҳо дар ҳисоби бонкии Euroclear дар Белгия нигаҳдорӣ мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқро ба Қирғизистон роҳ надодаанд
Мақомоти Қирғизистон гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба қаламрави ин кишвар роҳ надодаанд. Субҳи 12-уми декабр гурӯҳе аз кормандони Федератсиюни Байналмилалии Созмонҳои Ҳуқуқи Башар ба фурудгоҳи “Манас” дар шаҳри Бишкек ворид шудаанд, вале ба онҳо иҷоза надодаанд, аз марз бигзаранд.
Дар ин ҳайат, Иля Нузов, раҳбари бахши Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Рафаэл Лопоухин ва яке аз ҳамкорони дигараш шомил будаанд. Ҳодиса 10 рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки Русия Федератсиюни Байналмилалии Созмонҳои Ҳуқуқи Башарро ба феҳрасти “созмонҳои номатлуб” шомил кард.
Марзбонони қирғиз шиносномаҳои меҳмонони хориҷиро гирифта, сабаби роҳ доданашонро ҳам нагуфтаанд ва сипас санадҳояшонро баргардонда аз Қирғизистон ихроҷ кардаанд. Федератсиюни Байналмилалии Созмонҳои Ҳуқуқи Башар, яке аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аст, ки соли 1922 таъсис ёфтааст ва қароргоҳи асосиаш дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса ҷойгир шудааст.
Дар Тоҷикистон ҷиноятҳои вазнин зиёд шудаанд, бахусус таҷовуз ба номус
Бино ба омори расмӣ, теъдоди ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон дар 10 моҳи гузашта тақрибан 10 дар сад зиёд шудааст. Бар тибқи иттилои Оҷонси омори тобеи раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар аз моҳи январ то моҳи октябри имсол 4718 ҷинояти вазнин сабт шудааст, агарчӣ аз ин навъи ҷиноятҳо дар ҳамин давраи соли гузашта 4296 маврид сабт шуда буд.
Имсол бештар аз ҳама таҷовузи ҷинсӣ ва ё қасди таҷовуз рӯ ба афзоиш овардааст, ки ба гуфтаи идораи омор 32.3 дар садро ташкил медиҳад. Соли 2025 дар Тоҷикистон 41 мавриди таҷовузи ҷинсӣ ва ё қасди таҷовуз сабт шудааст.
Оҷонси омори Тоҷикистон танҳо омори ҷиноятҳоро ҷамъ меоварад, аз ин рӯ сабабҳои рӯ ба афзоиш овардани таҷовуз ба номус маълум нест. Ҳомиёни ҳуқуқи занон дар гузашта гуфтаанд, ки мавридҳои дастдарозӣ ба занон дар кишвар бештар аст, зеро занону духтарон аз “тарси шармсор ва беобрӯ шудан дар байни ҷомеа” ба мақомоти интизомӣ расман шикоят намекунанд.
АП бо такя ба вазорат: Дар кишвар ду навъи зуком доман паҳн мекунад
Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки дар кишвар зукоми навъи Ҳонконг ва H1N1 ё зукоми хук доман паҳн мекунад.
Масъулини ин ниҳод ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтаанд, ин вирусҳо мавсимӣ ва барои Тоҷикистон нав нестанд.
Нишонаҳои ин ду навъи зуком ба ҳам монанд буда, аз таби баланд, дарди шадиди сар, камқувватӣ, сулфаи хушк ва дарди гулу иборат аст. Дар ин ниҳод гуфтанд, ҷойи ташвишу нигаронӣ вуҷуд надорад.
Аммо сокинон ва бархе аз табибон дар кишвар ҳафтаҳои ахир аз хуруҷи зукоме хабар медиҳанд, ки нишонаҳои он қаблан мушоҳида нашудааст.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати пайдо шудани ин беморӣ дар кӯдакон, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад.
Таъкид шудааст, ки сокинон аз табобати худсарона худдорӣ карда, сари вақт ба пизишкон муроҷиат кунанд.
Дар Покистон раиси пешини ISI ба 14 сол зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи низомии Покистон раиси пешини Созмони истихборотии ин кишварро (ISI) бо чанд иттиҳом, аз ҷумла, мудохила дар сиёсат, ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Генерал Файз Ҳамид давраи маҳкумияташро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.
Ин ҳукм дар кишваре, ки артиши он беш аз се даҳа ба таври мустақим ҳукуматро дар ихтиёр доштааст, аз нодиртарин маҳкумиятҳо алайҳи як генерали бонуфуз ба шумор меравад.
Артиши Покистон рӯзи 11 декабр эълон кард, ки Файз Ҳамид пас аз "раванди тӯлонӣ ва душвор", ба мудохила дар сиёсат, нақзи қонуни асрори расмӣ, сӯистифода аз манбаъҳои давлатӣ ва ворид кардани хисороти ғайриқонунӣ ба афрод, гунаҳкор шинохта шудааст.
Файз Ҳамид дар даврони нахуствазирии Имрон Хон, аз соли 2019 то 2021 раҳбарии ISI-ро бар ӯҳда дошт ва аз муттаҳидони наздики Имрон Хон ба шумор мерафт.
Покистон чандин ниҳоди истихборотӣ дорад, аммо ISI қудратмандтарин ва бонуфузтарини онҳо аст.
Имрон Хон, нахуствазири пешини ин кишвар пас аз он, ки ҳимояти фармондеҳони баландпояи артишро аз даст дод, дар соли 2022 аз қудрат барканор шуд ва акнун дар зиндон ба сар мебарад.
Артиши Покистон дар соли 2023 Файз Ҳамидро бинобар нодида гирифтани қонунҳои артиш, аз рутбаҳои низомӣ маҳрум карда буд.
Файз Ҳамид, ки замоне яке аз гузинаҳои аслӣ барои мақоми фармондеҳии артиши Покистон ба шумор мерафт, робитаҳои наздик низ бо Толибони Афғонистон дошт ва пас аз бозгашти онҳо ба қудрат дар соли 2021 гуфта буд, ки ин таҳаввул "ба хубӣ пеш хоҳад рафт".
Артиши Покистон дар ҳафт даҳаи истиқлоли ин кишвар беш аз 30 сол ба таври мустақим ҳукуматро дар даст дошт ва ҳамчунин нақши муҳиме дар ташкил ва суқути ҳукуматҳо иҷро мекунад.
Ҳунари миниётурнигории Беҳзод ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил шуд
Ҳунари миниётурнигории Камолиддини Беҳзод, мусаввири маъруфи форсизабон, аз номи Афғонистон ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО (Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милал) шомил карда шуд. Созмон гуфт, ин ҳунар барои ҳифзи бофти фарҳангӣ ва ҳувияти таърихии мардуми Афғонистон нақши меҳварӣ дорад.
Тасмим дар нишасти 20-уми ЮНЕСКО дар Ҳиндустон эълон шуд. Ҷаласа 11-уми декабр ба поён расид. Дар нишаст даҳҳо осори фарҳангии ҳафтоду ҳашт кишвар арзёбӣ шуда, бархе аз онҳо ба Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд.
Муҳаммад Ҳумоюн Азизӣ, сафири Афғонистон дар Фаронса, гуфт, "Афғонистон ва ҳунари он зинда аст ва ҳеч торикӣ наметавонад рӯшноии фарҳанги Афғонистонро хомӯш кунад."
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай низ ин тасмимро ситоиш карда, онро "манбаи ифтихор барои тамоми мардуми Афғонистон" номид.
Пешниҳоди Афғонистон барои сабти ҳунари миниётурнигории Камолиддини Беҳзод ҳанӯз соли 2021 ва зоҳиран пеш аз ба қудрат расидани "Толибон" сурат гирифтааст. Ин гурӯҳи тундрав дар бештар аз чор соли ҳокимияташ дар Афғонистон тасвири одамон ва мавҷудоти дигари зиндаро номумкин гардонд.
Камолиддини Беҳзод сарвати фарҳангии Тоҷикистон низ шумурда мешавад ва осорхонаи миллии ҷумҳурӣ ба номи ӯст.
Ин мусаввир ва миниётурнигори маъруф соли 1455 дар шаҳри Ҳирот зода шуда, дар давраи ҳукмронии Султон Ҳусайн Бойқаро ба шуҳрат расид. Дертар ӯро Шоҳ Таҳмосп аз сулолаи Сафавиён ба Табрез хонд ва дар он ҷо китобхонаи шоҳиро роҳбарӣ мекард. Дар ҳамон ҷо дафн карда шудааст.
Ҷоизаи Нигора Назарӣ, ҳомии паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон
Нигора Назарӣ, ҳомии ҳуқуқи паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон, дар барбари як созмон ва се нафари дигар бо ҷоизаи бонуфузи Нансен қадрдонӣ шудааст.
Ҷоизаро UNHCR ё Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи 16 -уми декабр дар Женева месупорад.
Назарӣ дар Тоҷикистон паноҳҷӯ аст ва ҳаммуассиси Маркази таълимии “Ориёно” дар шаҳри Ваҳдат мебошад. Ӯ риштаи иқтисодро хондааст, вале, ба навиштаи UNHCR, кумак ба паноҳандагонро интихоб намуд.
Вайро барои пеш бурдани кори муваффақиятомези марказе барои кӯдакони гурезаи афғон дар Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд. Дар ин марказ ба кӯдакони паноҳҷӯ таълим медиҳанд.
UNHCR дар баёнияе Нигора Назарӣ ва барандагони дигари ҷоизаро “шахсони бузургу илҳомбахш” номид, ки ба афроде, ки маҷбур шудаанд фирор намоянд, “бо ҷасорату муҳаббати инсонӣ кумак расондаанд.”
Ҷоизаи асосиро Мартин Азиа Содеа аз деҳаи Гадо Бадрезери давлати Камерун ба даст овард. Ӯро барои ташкили кор ва пазироии 36 ҳазор паноҳҷӯ аз Африқои Марказӣ қадрдонӣ намуданд.
Пабло Морено Кадена барандаи ҷоизаи Нансен дар минатқаи Амрико дониста шуд, чун ӯ ба ҳайси як раҳбари корхонаи тиҷоратӣ дар Мексика барои ҳамгироии гурезаҳо дар бозори меҳнат заҳмат кашидааст.
Созмони украинии “Пролиска” дар бахши Аврупо барои кумакаш ба зиёда аз 3,2 миллион нафар ва Тобон Шореш дар бахши Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ баранда шуданд. Шореш як фаъоли ҳуқуқи занон буда, барои наҷотёфтагони низоъҳо дар Ироқ, махсусан занону духтарон, кумак мерасонад.
Нигора Назарӣ барандаи ҷоизаи UNHCR дар бахши минтақаи Осиё ва Уқёнусияи ин созмон дар соли 2025 гардид.
Ҷоизаи Нансен соли 1954 таъсис ёфта ба шахсон, гурӯҳҳо ва созмонҳое тақдим мешавад, ки ҷудо аз кору фаъолияти касбии худ барои ҳимоят аз паноҳандагон, шахсони бешаҳрвандӣ ва ё беҷошудагон ёрӣ мерасонанд.
Гуфтугӯ