Дар чанд ҷумла
Жириновский ба Душанбе омад
Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатии Русия ва раҳбари Ҳизби либерал-демократии ин кишвар рӯзи 31-уми октябр бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, нимаи дувуми имрӯз Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз Қалъаи Ҳисор, ангурзорҳои ноҳияи Шаҳринав ва Турсунзода дидан мекунад. Фардо, 1-уми ноябр мулоқоти муовини раиси Думаи давлатии Русия бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст. Баъд аз зуҳри 1-уми ноябр Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳаш Тоҷикистонро тарк мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Расонаҳо: Як ҳайат аз Русия ба Амрико хоҳад рафт
Бино ба хабари расонаҳо, як ҳайат аз Русия барои мулоқот бо намояндагони Амрико дар мавриди хатми ҷанг дар Украина ба Майами хоҳад рафт. Дидору гуфтугӯйи ҷонибҳо рӯзи 20-21-уми декабр дар назар аст. Дар ин бора Politico ва Axios бо такя ба манбаъҳои худ гузориш доданд.
Қарор аст, Вашингтон хулосаи даври охири музокирот бо Украинаро бо намояндагони Русия дар миён гузорад.
Ҳайати Русияро Кирилл Дмитриев, фиристодаи вижаи президент Владимир Путин ва ҳайати Амрикоро Стив Виткофф, фиристодаи хос ва Ҷерад Кушнер, мушовиру домоди раисҷумҳур Доналд Трамп роҳбарӣ мекунанд.
Ҳайати Амрико нақша дорад, пеш аз мулоқот бо ҷониби Русия бо дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Рустам Умаров гап занад.
Ҳеч гуна дидору гуфтугӯи намояндагони Русия ва Украина дар назар нест.
Ба маълумоти Politico, дар Кохи Сафед бовар доранд, ки Русия замонатҳои амниятии Ғарбро дар Украина ва узвияти ин кишварро дар Иттиҳоди Аврупо хоҳад пазируфт.
Яке аз замонатҳои амниятӣ эҷоди нерӯҳо ба раҳбарии Аврупо аст, ки бо иштироки кишварҳои довталаб ташкил мешавад ва "дар таъмини амнияти фазоии Украина ва ҳифозат аз роҳҳои баҳрӣ нақш хоҳад дошт".
Даври охири музокироти байни Украина ва Ғарб рӯзҳои 14-15-уми декабр дар Берлин гузашт. Гузориши расонаҳо баёнгари он аст, ки ҷонибҳо бахши аъзами ихтилофҳоро аз байн бурдаанд, вале масъалаи вогузории қаламрав ҳамчунон ҳалношуда мондааст.
Раисҷумҳур дар бораи таҳсили 12-сола дар Тоҷикистон гуфт
Раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот барои гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсола чора ҷӯянд.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар паёмаш ба порлумон ироа кард.
Ӯ афзуд, ҳадаф аз гузаштан ба таҳсили дувоздаҳсола мутобиқ кардани низоми таҳсилоти Тоҷикистон ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аст. Аммо президент аз ин бештар ҷузъиёт надод ва маълум нест, ки Тоҷикистон кай ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад.
Мақомоти Тоҷикистон чанд бор аст гузаштан ба ин низоми таҳсилро ба таъхир мегузоранд.
Артур ван Дизен, мудири Бунёди кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) қаблан дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки таҳсилот то синфи 12 боло бурда шавад.
Изҳори нигаронии Омбудсмен аз кушта шудани навраси тоҷик дар Русия
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қатли навраси тоҷик Қобилҷон Алиевро дар заминаи бегонаситезӣ дар Маскав маҳкум карда, аз мақомоти Русия хостааст, онро одилона таҳқиқ кунанд ва ҳар касеро, ки дар ин ҷиноят нақш дошт, ба ҷавобгарӣ бикашанд.
Умед Бобозода рӯзи 17-уми декабр бо изҳори нигаронии ҷиддӣ дар паёме ба ҳамтои худ дар Русия Татяна Москалкова ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдак Мария Лвова-Белова гуфтааст, ин ҳодисаи даҳшатбор хонаводаи наврасро дар ғаму андӯҳ нишонд ва нигаронии амиқро дар ҷомеа ба бор овард.
Ӯ афзудааст: "Ҳифзи ҳаёт, амният ва ҳуқуқи кӯдакон бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлат ва ҳар муассисаи таълимӣ бошад. Ҳеч ҳолат ва камбудҳои маъмурӣ ё хунукназарӣ наметавонад зӯроварӣ ё бепарвоиро нисбат ба кӯдакон тавҷеҳ кунад."
Бобозода ҳамзамон роҳандозии чораҳоро барои пешгирӣ аз такрори чунин фоҷиа, сахттар кардани назорат дар мактабҳо ва таъмини амнияти равонӣ ва ҷисмии кӯдакон муҳим донистааст.
Расонаҳои давлатӣ гузориш доданд, ки Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, низ бо ҳамкори русаш Сергей Шойгу ва сафири Русия дар Душанбе қатли Қобилҷон Алиевро дар миён гузошта, гуфтааст, ин ҷинояти мудҳиш дар ҷомеа нигаронии ҷиддӣ ва вокуниши васеъ ба бор овард.
Ба қавли мақомот, Юсуф Раҳмон, ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба, одилона ва шаффофи қазия таъкид карда ва гуфтааст, ки таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ноболиғон бояд дар авлавият бошад.
Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар Одинтсовои вилояти Маскав кушта шуд. Гумонбари понздаҳсола дастгир шудааст. Ба гузориши расонаҳои русӣ, ӯ эътироф кардааст, ки чанд вақти охир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид.
Дар бештар аз бист соли охир мавридҳои зиёди қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия расонаӣ шуда, дар миёни онҳо куштори кӯдакон бештар аз ҳама ҷомеаи Тоҷикистонро ошуфтаву маъюс кардааст. Марги Қобилҷон Алиев яке дигар аз ин қатлҳо шуд ва захмҳои пешинаро тоза кард.
Трамп таҳримҳоро зидди Сурия бекор кард
Конгресси Амрико рӯзи 17-уми декабр таҳримҳои ҷоришуда бар Сурия дар замони Башор Асад, раҳбари сарнагуншудаи он кишварро ба таври доимӣ бекор кард ва роҳро барои бозгашти сармоягузориҳо ба ин кишвари ҷангзада ҳамвор сохт.
Ба иттилои хабаргузории "Франс-пресс", Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пеш аз ин ду бор дар посух ба дархостҳои Арабистони Саудӣ ва Туркия -- ҳампаймонҳои ҳукумати нави Сурия ба раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ ин таҳримҳоро боздошта буд.
Аммо Аҳмад Аш-Шаръ дар пайи лағви доимии таҳримҳо буд, зеро бекор накардани он метавонист монеи сармоягузориҳо дар ин кишвар шавад.
Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ 7-уми декабри соли 2024 пас аз фирори раҳбари худкомаи он кишвар Башор Асад вориди Димишқ шуданд ва қудратро ба даст гирифтанд.
Ҷасади Қобилҷон Алиевро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд
Ҷасади Қобилҷон Алиев, навраси кушташудаи тоҷик дар Русия, бомдоди панҷшанбе тавассути парвози Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон оварда шуд.
Ӯ, ки қарор буд 17 декабр ҳамроҳи додар ва тағояш ба Тоҷикистон бармегашт, як рӯз қабл дар ҳамлаи як ноболиғ дар мактабе дар вилояти Маскав ҷон бохт.
Маросими ба хоксупории Қобилҷон Алиев 18 декабр дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав баргузор мешавад. Тибқи иттилои дарёфтӣ, модари Қобилҷон Алиев ва чанде аз пайвандони ӯ барои дафни ин наврас ба Тоҷикистон омаданд.
Субҳи 18 декабр шуморе аз наздикони Қобилҷон Алиев барои гирифтани ҷасад ба фурудгоҳи Душанбе рафта буданд. Онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд. Дар яке аз баромадгоҳҳои фурудгоҳ, ки маъмулан тобутҳоро аз онҷо берун меоранд, кормандони зиёди мақомоти интизомӣ ҳузур доштанд.
Гурӯҳе аз хабарнигорон барои инъикоси ин мавзӯъ ба фурудгоҳи Душанбе рафтанд, аммо намояндагони фурудгоҳ, бахусус кормандони бахши амнияти он дар оғоз иҷоза надоданд, ки хабарнигорон лаҳзаи баровардани ҷасадро сабт кунанд.
Намояндагони фурудгоҳ бархе хабарнигоронро маҷбур карданд, ки наворҳои гирифтаашонро тоза намоянд. Вокуниши намояндагони фурудгоҳ ба ин вазъ феълан маълум нест ва рӯшан нест, ки чаро онҳо монеи кори хабарнигорон шуданд.
Пас аз соати 5:30, ки замони фуруди ҳавопаймои ҳомили ҷасади Қобилҷон Алиев буд, ба хабарнигорон ва ҳозирин гуфтанд, ки парвоз ба таъхир афтодааст ва ҳавопаймо соати 8 меояд.
Баъдан гуфта шуд, ки ҷасад тавассути дарвозаи дигар бароварда шудааст. Яке аз кормандони интизомӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "истодани шумо инҷо беҳуда аст, ҷасадро аз дарвозаи 16 бароварданд".
Хабарнигорон сипас бо наздикони хонаводаи Қобилҷон Алиев дар тамос шуданд ва маълум шуд, ки ҷасад дар роҳ ба сӯи Шаҳринав аст.
Дар назар аст, ки маросими видоъ бо Қобилҷон Алиеви 10-сола имрӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Шаҳринав баргузор шавад. Ин наврасро канори падараш ба хок месупоранд. Падари ин наврас низомӣ буд ва се сол пеш бар асари беморӣ даргузаштааст.
Рӯзи 16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав навраси 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев кушта шуд.
Марги ин наврас вокунишҳои густурдаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте заминаи кушторро бегонаситезӣ номида, гуфт, дар пайванд ба ҳодиса сафири Русияро дар Душанбе даъват карданд ва ба ӯ нота ё ёддошт супурданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки вазир Рамазон Раҳимзода дар суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев талаб кардааст, ки "сабабу омилҳои ҳодиса ҳамаҷониба санҷида ва чораҷӯӣ карда шавад".
Бори аввал нест, ки наврасони тоҷик дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон се додраси тоҷикро аз кор ронд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон се додраси кишварро ба сабаби «содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад» аз мақомҳояшон барканор кардааст. Ӯ фармонеро дар бора рӯзи 17-уми декабр имзо кардааст.
Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ нашр кард омадааст: «Ҳусейнзода Фирдавс Латифӣ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд, Самандари Қаландар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, Давлатзода Нозим Исрам аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.»
Маълум нест, ки се додрас, бо чӣ кор, ё рафторашон шаъну эътибори додрасро дар Тоҷикистон паст зада бошанд, аммо дар гузашта баъди ингуна фармонҳои раиси ҷумҳур додрасҳоро барои ришвахорӣ ба додгоҳ кашида ва ҷазо додаанд. Фақат дар соли 2025 ин чаҳорумин додрас мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон онҳоро аз мақомҳояшон барканор мекунад. Моҳи январ Мирзо Одиназода, додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанберо бо айни сабаб аз кор ронд.
Низоми додгоҳии Тоҷикистон ва рафтори додрасҳо солҳост, ки танқид мешавад. Додрасҳоро ба он муттаҳам мекунанд, ки пойбанди мақомот ҳастанд ва ҳарчӣ, ки додситонҳо мехоҳанд, иҷро ва ҳукмҳои ноодилона содир мекунанд.
Худи Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 5-уми декабри соли 2024 эътироф кард, ки фасоду ришвахорӣ дар байни додрасҳо мояи амиқи нигаронӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон ин оморро овард, ки дар 10 моҳи соли 2024 кормандони низоми додгоҳӣ 26 ҷиноят содир кардаанд ва афзуд: “Боиси нигаронист, ки содиршавии ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ сол то сол зиёд шуда истодааст.”
Эмомалӣ Раҳмон он замон ҳамчунин гуфт, ки дар 10 соли гузашта нисбат ба 107 нафар, аз ҷумла 45 додрас, муовинон ва раисони додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашидаву ба зиндон маҳкум кардаанд.
Бисёре аз ин ҷиноятҳои онон ришвахорӣ, қаллобӣ, фаро рафтан аз ваколатҳо, эълони ҳукмҳои ноодилона будаанд. Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таъйину барканор мешаванд ва интиқодҳо зиёданд, ки зимни таъйини онҳо лаёқат ва донишҳо ба қадри кофӣ ба эътибор гирифта намешавад.
Қотили кӯдаки тоҷик гирифтори ғояҳои бегонаситезӣ будааст
Наврасе, ки рӯзи 16-уми декабр хонандаи мактаб аз Тоҷикистонро дар вилояти Маскав кушт, аввалин нишондоди худро ба тафтишот додааст.
Нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия навиштааст, навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид.
Мақомоти тафтишотии Русия гуфтаанд, баъди содир шудани ҷиноят дар мактаб маводи тарканда пайдо кардаанд.
Ҷузъиёти бештар аз бозпурсии навраси боздоштшуда, ки дар синфи 9 таҳсил мекард, нашр нашудааст.
Бино бар маромномае, ки ӯ ба ҳамсинфонаш фиристодааст, пайрави нажодпарастон буда, марги мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ номидааст.
Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, бозпурсӣ ва тафтиши парванда идома дошта, дар манзили навраси дастгиршуда кофтукоб гузаронданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав як навраси 10-сола кушта шуд. Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово ворид шуда, аввал посбон ва сипас як наврасро теғ задааст.
Навраси кушташуда Қобилҷон ном дошта, тоҷик будааст. Модари ӯ дар ҳамин мактаб фаррош будааст. Яке аз ҳамсоягони ин оила ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан пас аз марги шавҳараш ду фарзандро ба танҳоӣ бузург мекард.
Ин ҳодиса вокунишҳои густурдаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора ҳеч вокунише накардаанд.
Ин аввалин маротиба нест, ки наврасони тоҷик дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта мешаванд.
Трамп вуруди шаҳрвандони боз 7 кишварро ба ИМА манъ кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 16 декабр ҳафт кишвари дигарро ба феҳристи кишварҳое илова кард, ки вуруди шаҳрвандонашон ба Амрико манъ аст.
Ин мамнуият шомили шаҳрвандони Сурия ва Фаластин низ мешавад, ки санадҳои сафари содиршуда аз сӯи Ташкилоти худгардони Фаластинро дар ихтиёр доранд.
Тибқи тасмими Кохи Сафед, ин мамнуият ҳамчунин бар шаҳрвандони кишварҳои Буркина-Фасо, Лаос, Мали, Нигерия, Сиерра-Леоне ва Судони ҷанубӣ татбиқ мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Олмон, аз моҳи январ, ки Трамп бори дигар кори худро ба унвони раисҷумҳур оғоз кардааст, сиёсатҳои сахтгиронае дар заминаи муҳоҷират ва раводид пеш гирифтааст ва қонунҳои мавҷудро шадидтар кардааст.
Дар оғози соли равон, Вашингтон вуруди шаҳрвандони чандин кишварро ба таври комил ба Амрико манъ кард ва бештари ин маҳдудиятҳо ҳанӯз ҳам побарҷост.
Даргузашти овозхон Фирӯз Паллаев дар Душанбе
Фирӯз Паллаев, овозхон ва фарзанди ҳунарманди шинохта Душанбе Паллаев, рӯзи 16-уми декабр дар 45-солагӣ даргузаштааст.
Нобовар Чаноров, раҳбари гурӯҳи ҳунарии “Шамс” ва аз дӯстону наздикони овозхон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро таъйид кард.
Ӯ гуфт, Фирӯз субҳи сешанбе каме нотоб шуда, ба дармонгоҳи шумораи 13-и Душанбе рафт ва дертар дучори сактаи қалбии шадид шудаву фавтид.
Ҳоло, ба гуфтаи Нобовар Чаноров, пизишкон сабабҳои фавти овозхонро дақиқ мекунанд.
Фирӯз Паллаев овозхони дастаи “Сарез” буд ва бештар бо забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ таронаҳои эстрадӣ иҷро мекард.
Чанд суруди падарашро, ки бештар дар сабкҳои мардумӣ ва суннатии Бадахшон буданд, низ ба тарзи нав ва сабкҳои муосир бозхонӣ намудааст.
Суруди “Ичафта тар та начaсом” бар матни Сардор Раҳдор, яке аз таронаҳои маъруфи ин овозхон дар миёни ҷавонон дар солҳои охир дониста мешавад.
Бино ба иттилои наздиконаш, дар назар аст, маросими видоъ ва дафни Фирӯз Паллаев рӯзи 17-уми декабр дар Душанбе баргузор шавад.
Пирӯзии 12-уми Баҳодур Усмонов дар бокси ҳирфаӣ
Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи “Шоми бокс” (таҳти унвони IBA Pro 13), ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, бар намояндаи Бритониё Макси Ҳюз пирӯз шуд.
Усмонови 27-сола, ки дар ҳамаи 12 рақобати худ дар бокси ҳирфаӣ дастболо шуда, шикастнопазир мебошад, дар рақобати довталабони унвони қаҳрамони WBA ғолиб омад. Рақибаш Макси Ҳюз аз 34 рақобат дар 24-тоаш ғалаба кардааст.
Ин рақобат барои ҳарду муштзан аҳамияти хос дошт, зеро ғолиб шонси мубориза бурдан барои унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар вазни сабук ба даст меовард.
Набард хеле пуршиддат ва бо суръати баланд сурат гирифт. Макси Ҳюз, ки муштзани пуртаҷриба аст, кӯшиш мекард бо фишороварӣ ва зарбаҳои пайиҳам бартарӣ дошта бошад. Аммо Усмонов бо дифои устувор ва зарбаҳои дақиқ тавонист ҷараёни муборизаро зери назорати худ бигирад.
Омодагии хуби ҷисмонӣ, устувории равонӣ ва сатҳи баланди касбӣ ба муштзани тоҷик имкон дод, ки муваффақ шавад. Бо тасмими доварон Баҳодур Усмонов ғолиб эълон шуд. Ин дувоздаҳумин пирӯзии ӯ дар бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад.
Дар мусобиқаи IBA Pro 13, ки яке аз чорабиниҳои сатҳи баланди бокси касбӣ ба ҳисоб мерафт, муштзанҳои пуртаҷриба аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок карданд.
Бо ин дастовард Баҳодур Усмонов расман ба зумраи муддаиёни аслӣ барои унвони қаҳрамони WBA дар вазни сабук ворид шуд. Ҳамакнун барояш имкони рақобати мустақим барои дарёфти камарбанди қаҳрамонӣ фароҳам гардид.
Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов дар набарди асосии “Шоми бокс” («Winline. IBA.PRO 8»), ки 22-юми июли имсол дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир гардид, бар намояндаи Камерун Кристофер Муафо аз рӯи қарори доварон пирӯзӣ ба даст овард.
Қаҳрамони Осиё дар соли 2019 ва соҳиби медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2023 Баҳодур Усмонов муқобили рақибаш унвони қаҳрамони IBA.PRO Intercontinental дар вазни сабукро дифоъ кард. Инчунин дар ин набард, ки аз 10 раунд иборат буд, муштзани тоҷик соҳиби камарбанди WBO Intercontinental гардид.
Аз ин пеш Усмонов моҳи майи соли равон дар Душанбе Алберт Пагараи филиппиниро барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ ё фаннӣ шикаст дода, унвонҳои IBA.PRO Intercontinental ва WBA Gold-ро дар вазни сабук соҳиб шуда буд.
Ҳамла дар мактабе дар вилояти Маскав. Як навраси тоҷик кушта шуд
Имрӯз, 16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав як навраси 10-сола кушта шудааст.
Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово ворид шуда, аввал посбон ва сипас як наврасро теғ задааст.
Навраси кушташуда, ки аз ӯ расонаҳои Русия Қобилҷон ном бурдаанд, тоҷик аст ва бар асари захмҳои амиқ ҷон додааст.
Модари ӯ дар ҳамин мактаб фаррош будааст. Яке аз ҳамсоягони ин оила ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан пас аз марги шавҳараш ду фарзандро ба танҳоӣ бузург мекард.
Видео дар инҷост:
Раёсати умури дохилии Маскав мегӯяд, ҳамлаварро дастгир карданд. Расонаҳои Русия навиштанд, ки ӯ дар синфи 9-ум мехонад. Бино бар маромномае, ки ӯ ба ҳамсинфонаш фиристодааст, пайрави нажодпарастон буда, марги мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ номидааст.
Дар Интернет видеое, ки ҳамлавар бардоштааст, нашр шуд ва ӯ ҳангоми рӯ ба рӯ омадан ба гурӯҳе аз хонандагон ва муаллимашон аз онҳо мепурсад, ки миллаташон чист.
Дар бораи сабабҳои ҷиноят ҳанӯз чизе нагуфтаанд.
Мақомот бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Навор дар Инстаграм:
Сӯҳроб Нуралӣ ба ҷойи Шоҳин Самадӣ сухангӯйи ВКХ шуд
Сӯҳроб Нуралӣ ба ҷойи Шоҳин Самадӣ сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурияти кории Шоҳин Самадӣ охири ин ҳафта ба поён мерасад.
Ба гузориши оҷонси “Азия-Плюс” аз 16-уми декабр, корро ба ҳайси муовини дабири кулли котиботи қолаби "Осиёи Миёна-Чин" идома медиҳад. Ин ниҳод баҳори имсол таъсис ёфт ва қароргоҳи он дар Чин мебошад.
Самадӣ се сол пеш сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шуда буд. Аз он қабл дар котиботи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия ва Беларус фаъолият дошт.
Сӯҳроб Нуралӣ, сардори нави Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ, то ин дам дар намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ кор мекард.
Ин созмони минтақаӣ бо ибтикори Эрону Покистон ва Туркия ташкил шуда, Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон узви он мебошанд. Қароргоҳи созмон дар Теҳрон аст.
Cуҳроб Нуралӣ аз он пеш дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Белгия ва Русия кор кардааст.
Дар Тоҷикистон маошу нафақа зиёд мешавад. Аз кӣ ва кай?
Аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони давлатӣ ва нафақа дар Тоҷикистон зиёд карда мешавад.
Президент Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар паёмаш ба порлумон гуфт, маоши кормандони бахши маориф, аз ҷумла муаллимони мактаб 25 дарсад зиёд мешавад.
Маоши дигар кормандони давлатӣ ва низомиён 20 дарсад боло мерафтааст.
Маоши ҳадди ақал аз моҳи сентябри соли оянда 1300 сомонӣ ($140) муқаррар мешавад. Феълан маоши ҳадди ақал дар кишвар 1000 сомонӣ ($108) аст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз моҳи сентябр ҳаҷми нафақаҳо дар кишвар на камтар аз 15 дарсад зиёд карда мешавад.
Маошу нафақа дар Тоҷикистон бори ахир моҳи сентябри 2025 зиёд шуда буд.
Вале бо вуҷуди ин дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон маошу нафақаи аз ҳама камро мегиранд.
Кам будани маоши кормандони буҷавӣ яке аз сабабҳои ба миён омадани фасод гуфта мешавад.
Э.Раҳмон ҳалли баҳси марзиро бо Қирғизистон "дастоварди таърихӣ" хонд
Президенти Тоҷикистон ҳалли масъалаи марз бо Қирғизистонро "дастоварди таърихӣ" барои кишвараш дар соли 2025 хонд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар паёми худ ба порлумон гуфт, муайян кардани хатти марз аз мушкилиҳое буд, ки давоми сад соли ахир идома дошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ҳамчунин аз имзои созиш миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии марзи се кишвар ёд кард.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин санад барои рушди минтақа ва "дӯстии абадӣ" заминаи ҳуқуқиро фароҳам кард.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 киломтер аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин ҷангу муноқиша дар марз моҳи марти имсол бар сари хатти он ба созиш расиданд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.
Мақомоти тоҷик ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, чанд роҳу деҳаи аҳолинишнро бо ҳам иваз карданд.
КҲФ садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи қатор дар ноҳияи Ёвонро шарҳ дод. Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса субҳи 14-уми октябр дар ҳудуди деҳаи Зафар рух додааст. Манбаъ мегӯяд, қатори боркаше, ки ба садама дучор шуд, аз Бохтар ба ноҳияи Ёвон меомад.
Мақомот "боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой"-ро аз далелҳои асосии аз хати роҳи оҳан хориҷ шудани қатор медонанд.
Мақомот дар бораи зарарҳои ин ҳодиса чизе нагуфтаанд. Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, як комиссия дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.
Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ки қатор баъди берун шудан аз хати роҳи оҳан чаппа шуда, оташ гирифтааст. Бахши асосии сӯзишвории мавриди ниёзи Тоҷикистон тариқи қатора оварда мешавад.